Номи навҷавони варзишкори тоҷик дар китоби рекордҳои Гиннес
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i79936-Номи_навҷавони_варзишкори_тоҷик_дар_китоби_рекордҳои_Гиннес
Навҷавони тоҷики номи худро дар китоби рекордҳои Гиннес сабт кард .
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 18, 2022 16:03 Asia/Dushanbe
  • Номи навҷавони варзишкори тоҷик дар китоби рекордҳои Гиннес

Навҷавони тоҷики номи худро дар китоби рекордҳои Гиннес сабт кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Имомҳусайн Умаров, навҷавони 11 солаи тоҷик тавонист бидуни танаффус 5200 ҳаракати варзишии болофишорӣ анҷом диҳад .
Аммо Имомҳусайн Умаров ин рекордро дар бошгоҳи варзишии Ошурмуҳаммадов ва бо ҳузури мураббии худ сабт кард .
Ризвон Ошурмуҳаммадов, мудири ин бошгоҳ гуфт : Умаров  тавонист 5200 ҳаракати болофишориро бидуни танаффус дар чаҳор соъат анҷом  диҳад .
Пеш аз ин Рамазон Раҳимзода-вазири дохилаи Тоҷикистон аз талошҳои ин варзишкори навҷавони тоҷик қадрдонӣ карда буд.