Тавлиди беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноъатӣ дар вилояти Хатлон
(last modified Wed, 19 Jan 2022 14:02:12 GMT )
Январ 19, 2022 19:02 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноъатӣ дар вилояти Хатлон

Мақомоти вилояти Хатлон аз тавлиди беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноъатӣ дар ин минтақа дар соли 2021 хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник, ин мақомот эълом карданд, ки дар вилояти Хатлон дар соли 2021 ба маблағи 10 миллиарду 200 миллион сомонӣ маҳсулоти саноъатӣ тавлид шуда аст, ки дар муқоиса бо соли 2020 наздик ба 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Бар асоси ин гузориш дар соли 2021 дар вилояти Хатлон 86 корхона ва коргоҳи саноъатии нав ифтитоҳ шуд, ки барои 1 ҳазору 146 нафар шуғли дойими эҷод карда аст.

Дар барномаи имсоли мақомоти вилояти Хатлон ба баҳрабардорӣ расондани 60 коргоҳи саноъатии нав пешбинӣ  шуд, ки заминаи иштиғоли 1 ҳазору 687 нафарро фароҳам месозад. Дар ин марказҳо  тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, фароварии маҳсулоти кишоварзӣ, бофандагӣ ва дузандагӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.