Дархости кумаки 147 нафар аз сокинони Панҷакент аз Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
(last modified Thu, 20 Jan 2022 10:51:27 GMT )
Январ 20, 2022 15:51 Asia/Dushanbe
  • Дархости кумаки 147 нафар аз сокинони Панҷакент аз Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

147 сокини ноҳияи Панҷакент дар номае аз Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости кумак карданд.

147 нафар аз сокинони деҳаи Хумгарони ноҳияи Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳурии ин кишвар хостори мусоидати вай барои ҳалли мушкили корхонаи фароварии тиллои муштараки Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Зарафшон шуданд.

Ба гузориши сомонаи нашрияи "Тоҷикистон", дар ин нома таъкид шудааст, аз соли 1997, ки фаъолияти корхонаи Зарафшон оғоз шуд, тасфияхонаи он дар фосилаи 400 метрӣ аз рустои Хумгарон воқеъ шуд, ки сабаби густариши анвои беморӣ дар миёни мардум, чорво ва боғҳо шудааст.

Пизишкони минтақа низ таъсири ногувори ин тасфияхона бар саломатии сокинони ин деҳа ва муҳити зистро таъйид мекунанд.

Аммо бо вуҷуди ваъдаи масъулон дар бораи интиқоли сокинони ин деҳа ба маҳалли дигар ва сукунати онҳо дар хонаҳои ҷадид чанд сол аст, ки ваъда амалӣ нашуда аст.

Ҳамчунин бидуни таваҷҷуҳ ба паёмадҳои зистмуҳитии ин тасфияхона мудирияти корхонаи тиллои Зарафшон иқдом ба сохти як тасфияхонаи дигар дар наздикии деҳаи Хумгарон карда аст.