Ҷазби 48 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон
Нахуствазири Тоҷикистон аз ҷазби 48 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар тайи 9 моҳи соли 2021 хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Қоҳир Расулзода ин матлабро дар нишасти Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои баррасии натоиҷи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар дар соли 2021 ташкил шуд, баён кард.
Нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷазби ин мизон сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2020 наздик ба 1,6 дарсад бештар мебошад.
Расулзода таъкид кард, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 76 тарҳ ба маблағи 42 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст, ки 11 лоиҳа дар бахши ҳамлунақл буд.
Ҳамчунин дар соли 2021 бо баргузории 25 ҳамоиши миллӣ ва минтақаии иқтисодӣ ва имзои 50 созишномаву тавофуқот заминаи ҷазби беш аз 7 миллиард сомонӣ сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон фароҳам шудааст.