Тақдими рунавишти устуворномаи сафири нави Ҷопон ба муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон
(last modified Sat, 22 Jan 2022 06:16:04 GMT )
Январ 22, 2022 11:16 Asia/Dushanbe
  • Тошиҳиро Аики ба тозагӣ ба мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон мансуб шудааст
    Тошиҳиро Аики ба тозагӣ ба мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон мансуб шудааст

Сафири нави Ҷопон дар Душанбе рунавишти устуворномаи худро ба муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон,  Тошиҳирои Аики, ки ба тозагӣ ба симати сафири Ҷопон дар Тоҷикистон мансуб шудааст, рунавишти устуворномаи худро ба Фарҳод Салим-муовини вазири умӯри хориҷа тақдим кард .
Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор бо муҳим хондани равобити ин кишвар бо Ҷопон бо табрики интисоби Тошиҳирои Аики ба унвони сафири ҷадиди Ҷопон дар Душанбе барои вай орзӯи муваффақият кард .
Гуфта мешавад давлати Ҷопон дар чорчуби барномаи ҳамкории байналмиллалии хеш дар тарҳҳои омӯзишӣ, беҳдоштӣ – дармонӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, яке аз кишварҳои асосии ироадиҳандаи кумакҳои ройгон ба Душанбе ба ҳисоб меояд .

Давраи масъулияти Такаюки Мияшита-сафири қаблии Ҷопон дар Тоҷикистон моҳи декабри соли 2021 ба поён расида буд.

 

бештар бихонед