Мизони озодиҳои маданӣ ва фардӣ дар Тоҷикистон
Назари теъдоде аз шаҳрвандони тоҷикро дар бораи мизони озодиҳои маданӣ ва фардӣ дар Тоҷикистон бишнавед.
Гуруҳҳои ҳуқуқи башар муддаӣ ҳастанд, ки озодиҳои сиёсиву ҳуқуқии фардӣ ҳар сол дар Тоҷикистон маҳдуд ва матбуоти мустақил таътил мешаванд ва созмонҳои ғайридавлатии камтаре омодаи дифо аз ҳуқуқи шаҳрвандон ҳастанд .
Ба вижа арзёбии Дидабони ҳуқуқи башар аз соли 2021 дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мақомот ҳамчунон дар талош барои маҳдуд кардани фаъолияти вакилони мустақил, рӯзноманигорон ва бастагони фаъолони сиёсии сокини хориҷ аз кишвар ҳастанд .
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон мухолифи ин иддио ҳастанд.
Аммо мардуми оддӣ дар мавриди риояти ҳуқуқашон дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд ?
Посухҳои теъдодӣ аз шаҳрвандонро бишнавед :