Рӯзи Президент дар Тоҷикистон таҷлил шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8023-Рӯзи_Президент_дар_Тоҷикистон_таҷлил_шуд
Имрӯз дар саросари кишвари Тоҷикистон барои бори нахуст "Рӯзи Президент" таҷлил шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 16, 2016 15:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи Президент дар Тоҷикистон таҷлил шуд

Имрӯз дар саросари кишвари Тоҷикистон барои бори нахуст "Рӯзи Президент" таҷлил шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе ба ин муносибат дар бинои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоишгоҳ ва фурӯши китоб баргузор шуд.

Дар ин намоишгоҳ китобҳои бо мавзӯи "хадамоти асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон барои миллат тоҷик" ва низ осори шахси раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд.

Бар асоси ин гузориш, ба муносибати ин ҷашн дар ҳамаи муассисаҳои театрӣ ва консертӣ, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳр ва вилоятҳо, намоишҳои ройгон баргузор ва "рӯзи дарҳои боз" эълом шуд.

Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Рӯзи Президентро «рӯзи саодат ва сипосу эҳтироми мардум ба президенти худ» унвон кард .

Ба муносибати ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои омӯзишӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ барномаҳои вижае баргузор шуд.

Дар натиҷаи ҳамапурсии Қонуни асосӣ (Конститутсия)-и Тоҷикистон, ки моҳи майи 2016 баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Пешвои миллат, аз дахлнопазирии ҳамешагӣ бархурдор шуд ва метавонад бидуни маҳдудият то поёни умр дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шавад.