Январ 24, 2022 21:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори маҳрумият аз хадамоти телефони ҳамроҳ ба моликони бархе симкартаҳо дар Тоҷикистон

Бар асоси тасмими ҳукумати Тоҷикистон бояд то 15 феврали соли ҷорӣ моликони симкартаҳои телефони ҳамроҳи ин кишвар, ки ҳануз шиносномаи қадимии соли 1999 худро ба картаҳои миллии соли 2014 иваз накардаанд, аз хадамоти телефони ҳамроҳ маҳрум хоҳанд шуд.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар сурати ин иқдом будҷети ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби пардохт нашудани молиёти ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ 500 миллон сомонӣ даромади молиро аз даст хоҳанд дод, ки ба назар мерасад ҳукумат муҳлати таъвизи шиносномаи соли 1999 ба картаи миллии соли 2014-ро тамдид хоҳад кард.

Зеро ба гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон то рӯзи 24 январи соли ҷорӣ 4 миллион нафар аз сокинони ин кишвар шиносномаи қаблии худро ба картаи ҷадиди миллӣ иваз ва шумораи телефонҳои ҳамроҳи худро дубора сабт кардаанд. Аммо 2 миллиону 400 ҳазор нафар ҳамчунон аз шиносномаи соли 1999 истифода мекунанд, ки 40 дарсад аз муштаракони ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳро ташкил медиҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон даромади ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ байни солҳои 2009 то 2020 аз 320 миллион доллар ба 243 миллион доллар коҳиш ёфта аст.

Барчасп