Январ 28, 2022 18:18 Asia/Dushanbe
  • Даргирии чандсоатаи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Шаби гузашта даргирии чандсоатаи марзӣ байни неруҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, ки билофосила мутаваққиф шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, панҷшанбешаб расонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз даргирии марзӣ байни неруҳои марзбонии ду кишвар хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, даргирӣ дар соати 18: 40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар чаҳорроҳи Зарфишон ва маҳаллаи Сомониён, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни марзбонони ду кишвар рух дод.

Тарафи тоҷикистонӣ эълом кардааст, ки дар натиҷаи ин даргирӣ 10 нафар захмӣ шуданд (6 низомӣ ва 4 ғайринизомӣ) ва 2 нафар ғайринизомӣ низ кушта шудаанд. Ҳамчунин 7 низомии қирғиз низ дар ин даргирӣ захмӣ шуданд.

Мақомоти зирабти тоҷик ҳамчунин аз нақзи ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Қирғизистон хабар додаву тарафи муқобилро муттаҳам ба талош барои пинҳон кардани иқдомоти ғайриқонунии худ ва интишори ахбори дурӯғ аз тариқи расонаҳо ва манобеи мухталифи интернетӣ муттаҳам кардаанд.

Тарафи қирғиз низ гуфта ки Тоҷикистон аз хумпораандоз ва зиддитанк истифода мекунад.

Гуфта мешавад таниши байни сокинони марзнишини ду кишвар табдил ба даргирӣ байни марзбонон шудааст.

 

Барчасп