Январ 28, 2022 22:21 Asia/Dushanbe

Даргириҳо дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон чанд нафарро кушта ба ҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, панҷшанбешаб расонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз даргирии марзӣ байни неруҳои марзбонии ду кишвар хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, даргирӣ дар соати 18: 40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар чаҳорроҳи Зарфишон ва маҳаллаи Сомониён, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни марзбонони ду кишвар рух дод.

Тарафи тоҷикистонӣ эълом кардааст, ки дар натиҷаи ин даргирӣ 10 нафар захмӣ шуданд (6 низомӣ ва 4 ғайринизомӣ) ва 2 нафар ғайринизомӣ низ кушта шудаанд. Ҳамчунин 7 низомии қирғиз низ дар ин даргирӣ захмӣ шуданд.

Тавсифи НАЦИБУЛЛО САФАРОВ"ДОМОДИ ОБИДЦОН ТУЙЧИЕВ"،НИЗОМИДДИН БОБОЕВ"СОКИНИ ДЕХАИ ХОЦАИ АЪЛО"
БУРХОН КАРИМОВ"СОКИНИ ДЕХАИ ХОЦАИ АЪЛО،СОДИК НИЗОМОВ"СОКИНИ ДЕХАИ СОМОНИЁН":

Барчасп