50 дарсади тоҷикҳо пардохти ришваро эътироф кардаанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8056-50_дарсади_тоҷикҳо_пардохти_ришваро_эътироф_кардаанд
Созмони байналмилалии “Transparency international” бо интишори гузорше, аз нокоромадии барномаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо фасод ва ришвахорӣ дар идороти ҳукуматӣ хабар додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 17, 2016 06:16 Asia/Dushanbe
  • 50 дарсади тоҷикҳо пардохти ришваро эътироф кардаанд

Созмони байналмилалии “Transparency international” бо интишори гузорше, аз нокоромадии барномаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо фасод ва ришвахорӣ дар идороти ҳукуматӣ хабар додааст.

     Ба гузориши сойти Созмони байналмилалии “Transparency international”, ин ниҳод дар тозатарин гузориши худ таъкид кардааст, ки 56 дарсад аз афроде, ки дар назарсанҷии ин созмон дар қаламрави ҷомеаи Ҳамсуд ширкат кардаанд, муборизаи ҳукуматҳои ин ҷумҳуриҳо бо фасод ва ришвахорӣ дар идороти давлатиро нокоромад медонанд.

   Дар ин гузориш, 50 дарсад аз ширкаткунандагон аз Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки барои анҷоми корҳои хеш ба маъмурини идороти ҳукмтӣ дар ин ҷумҳурӣ, ришва пардохт кардаанд. Ин шохис дар миёни кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд, яке аз болотарин мизони таъйиди вуҷуди ришвахории густурда ба ҳисоб меояд. Бар асоси ин гузориш, дар ин назарсанҷӣ беш аз 60 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ширкат кардаанд.

   Натоиҷи ин назарсанҷӣ дар ҳоле эълом мешавад, ки чанде қабл Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, эълом карда буд, ки дар ин кишвар бар асоси афкорсанҷии дохилӣ, идороти додситонӣ, молиёт, гумрук, додгоҳҳо ва пулис аз фасодзадатарин созмонҳои ҳукуматӣ ба ҳисоб меоянд.