Тоҷикистон ба дунболи афзоиши воридоти гази моеъ
(last modified Tue, 01 Feb 2022 07:46:02 GMT )
Феврал 01, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба дунболи афзоиши воридоти гази моеъ

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талоши ин кишвар барои афзоиши воридоти гази моеъ хабар дод

Ба гузориши сомонаи Авесто, Далер Ҷумъа дар нишасти хабарии рӯзи душанбе (31 январ)-и мақомоти ин вазорат гуфт, ки қаблан умдаи гази моеъи мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешуд, ки акнун бо Туркманистон низ дар ин замина тавофуқ имзо шудааст.

Бар асоси омори расмии ин вазорат дар соли 2021 ба Тоҷикистон 410 ҳазор тон гази моеъ ворид шуд, ки 361 ҳазор тон аз Қазоқистон, 5 ҳазор тон аз Туркманистон ва бақия аз Русия буд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон наздик ба 60 дарсад аз васоили нақлия аз газ моеъ истифода мекунад.

Аммо дар соли 2021 нархи ҳар литр гази моеъ аз 3 сомониву 70 дирам ба 7 сомониву 20 то 7 сомониву 60 дирам афзоиш ёфт, ки мӯҷиби боло рафтани нархи хадамот, афзоиши роҳкиро, мавод ва маҳсулот гардид.

Бештар бихонед: