Феврал 05, 2022 18:09 Asia/Dushanbe
  • Вазири маъориф ва илми Тоҷикистон: Ҳамкориҳои омӯзишӣ бо Эрон густариш меёбад

Вазири маъориф ва илми Тоҷикистон гуфт: Ҳамкориҳои омӯзишии ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурсон, Муҳаммдюсуф Имомзода вазири маъориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуъотии худ изҳори итиминон кард, ки ҳамкориҳои омӯзишии ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бештар густариш хоҳад ёфт.

  • Вай гуфт: Дар соли 2002 ва 2006 байни Вазорати маъорифи Тоҷикистон ва Вазорати омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон тафоҳумномаҳое ба имзо расид, ки бар асоси он ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои омӯзишӣ дунбол мешавад.
  • Имомзода, Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистонро яке аз аъзои фаъоли комиссиёни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фаннӣ ва фарҳангии ду кишвар унвон кард.
  • Вай бо ишора ба сафари расмии Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи сентябри соли гузашта ба Тоҷикистон изҳор дошт: Дар ин сафар раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба донишгоҳи Миллии Тоҷикистон омада ва дар ҷамъи донишгоҳиён суханронӣ карданд, ки дар поёни он ба эшон унвони доктории ифтихорӣ тақдим шуд.

Ин мақоми тоҷик ёдовар шуд, ки дар ин сафар, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҷҳизоти нанофановарӣ туҳфа карданд.

Вазири маъориф ва илми Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханони худ ибрози боварӣ кард, ки ҳамкориҳои омӯзишӣ миёни ду кишвар дар оянда аз густариши бештаре бархӯрдор хоҳад шуд.

 

Барчасп