Бозгардондани 36 миллион сомонии нафақаи афроди фавтида ба ӯҳдаи ҳукумати Тоҷикистон
Мудирияти “Амонтбонк”-и Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2021 маблағи 36 миллион сомонӣ нафақаи афроди фавтида ба буҷаи ҳукумати ин кишвар бозгардонда шуд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ин афрод фурсат накарданд, ки нафақаи худро дарёфт кунанд ва ба далели фавти онон, ин маблағ ба буҷаи ҳукумати Тоҷикистон бозгардонда шуд.
Вай таъкид кард, ки бар асоси қонуни таъмини иҷтимоӣ дар Тоҷикистон агар афроди бознишаста тайи 4 моҳ барои дарёфти ҳуқуқи хеш иқдом накунанд, кортҳои бонкии онон ғайрифаъол хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 750 ҳазор нафар бознишаста вуҷӯд дорад, ки миёнгини ҳуқуқи моҳиёнаи онон 321 сомонӣ (муодили 28 доллар) мебошад.