Феврал 08, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашни Сада ва баҳрабардорӣ аз чанд тарҳи саноатӣ ва иҷтимоӣ ба вилояти Суғд рафтааст.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи сохти мехҳои мухталифро, ки бо сармояи 15 миллион сомонии бародарон Акрамовҳо фаъолони бахши хусӯсии ин минтақа сохта шудааст, ифтитоҳ кард.

Дар ин корхона заминаи иштиғоли доим барои 50 нафар аз сокинони шаҳри Бӯстон фароҳам шудааст.

Ин корхона аз зарфияти тавлиди 300 тон мех дар моҳ бархӯрдор мебошад.

Фанноварии тавлиди маҳсӯл аз Чин ва маводи хом мавриди ниёзи он аз Русия ворид шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон корхонаи тавлиди лӯлаҳои пластикӣ, воҳиди тавлиди васоили заргарӣ ва маркази тавлиди зурӯфи пластикӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба баҳрабардорӣ расонд.

 

Барчасп