Мушкили пардохти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳал шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i80858-Мушкили_пардохти_нафақаи_коргарони_муҳоҷири_тоҷик_дар_Русия_ҳал_шуд
Мудири идораи умури бознишастагон дар Созмони таъмини иҷтимои Тоҷикистон эълом кард, ки мушкили пардохти ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳал шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 08, 2022 12:16 Asia/Dushanbe
  • Мушкили пардохти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳал шуд

Мудири идораи умури бознишастагон дар Созмони таъмини иҷтимои Тоҷикистон эълом кард, ки мушкили пардохти ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳал шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Даврон Вализода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки аз оғози соли 2022 он теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия расман фаъолият карда молиёт ва маблағи бимаи иҷтимоиро пардохт кардаанд, метавонанд аз ин кишвар нафақа дарёфт кунанд.

Зеро пас аз солҳо музокироти мақомоти Русия бо имзои созишномаи пардохти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷик аз соли 2022 мувофиқат карданд, ки шарти он фаъолияти расмӣ, пардохти молиёт ва маблағи бима(суғурта)-и иҷтимоӣ мебошад.

Вализода эълом кард, ки мизони нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо ҳуқуқи мушобеҳи шаҳрвандони ин кишвар баробар мебошад.