Тарҳи форсисозии дараҷаҳои низомӣ дар Тоҷикистон пазируфта нашуд
Раиси кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки таҳри форсисозии дараҷаҳои низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пазируфта нашуд.
Ба гузориши Спутник, Олимҷон Муҳаммадзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки тарҳи ироа шуда дар мавриди форсисозии дараҷаҳои низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пазируфта нашуд ва ин дараҷаҳо ба забони русӣ боқи хоҳад монд.
Раиси Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон таъкид кард, ки коргурӯҳи вижае аз забоншиносони мустақил низ дар ин замина тарҳи худро ироа карда буданд, ки ба далилҳои мухталиф рад шуд, аз ин рӯ замони пазириши тарҳи форсисозии дараҷаҳои нерӯҳои низомӣ ба ҷои исмҳои русӣ дар Тоҷикистон мушахас нест.
Қаблан мақомоти ин кумита гуфта буданд, ки тасмимгирӣ дар бораи форсисозии дараҷаҳои низомӣ аз ихтиёроти ҳукумати ин кишвар аст ва Вазорати дифои ин кишвар наметавонад дар ин марвид ҳарфи ниҳоиро бизанад, ҳарчанд, ки теъдоде аз фарҳангиёни тоҷик бо ишора ба 30 сол истиқлоли ин кишвар бар зарурияти форсисозии дараҷаи нерӯи низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ таъкид мекунанд.