Даргузашти машҳуртарин танзпардози Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i81428
Машҳуртарин танзпардоз ва ҳунарманди синамо ва театру телевизиюни Тоҷикистон дар 57 солагӣ даргузашт.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 17, 2022 18:39 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти машҳуртарин танзпардози Тоҷикистон

Машҳуртарин танзпардоз ва ҳунарманди синамо ва театру телевизиюни Тоҷикистон дар 57 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Тоҷикистон, Алоуддин Абдуллоҳзода, ки ҳамзамон раёсати идораи фарҳангу ҳунари вилояти Хатлонро бар уҳда дошт субҳи панҷшанбе 17 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар-маркази ин минтақа даргузашт.
Вай таи 10 соли ахир барномаҳои танз дар телевизиюни Тоҷикистонро иҷро мекард.
Алоуддин Абдуллоҳзода ҳамзамон дар чандин филми синамоӣ ва телевизиюнӣ низ нақшофаринӣ кардааст.