Ҳалокати ҳафт муҳоҷири тоҷик дар пайи оташсӯзӣ дар Тюмен
Дар пайи як оташсӯзӣ дар як фермаи мурғпарварии вилояти Тюмени Русия ҳафт муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, се нафари дигар захмӣ шудааст.
Ба иттилои сойти “Life”, шаби гузашта дар оташсӯзӣ дар як фермаи мурғпарварӣ дар рустои Юргинскийи вилояти Тюмени Русия ҳафт муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, се нафари дигари онҳо захмӣ шудааст. Маҷрӯҳони ин ҳодиса ба бемористон мунтақил шуда, пизишкон шароити саломатии онҳоро миёна арзёбӣ кардаанд.Пулис дар ҳоли таҳқиқи иллати ин оташсӯзӣ аст.
Ҳувияти қурбониёни ин оташсӯзӣ ба шарҳи зер аст:
У. Ниёзов (мутаваллиди соли 1987)
П. Рӯзиев (мутаваллиди соли 1988)
А. Шарифов (мутаваллиди соли 1996)
Ф. Шодиев (мутаваллиди соли 1989)
М. Миров (мутаваллиди соли 1994)
К. Нуров (мутаваллиди соли 1994)
Ф. Назаров (мутаваллиди соли 1994)
Ҳамчунин гуфта мешавад, М. Раҳмонов (мутаваллиди соли 1989), А. Олимов (мутаваллиди соли 1989) ва К. Қосимов (мутаваллиди соли 1993) низ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, дар ин оташсӯзӣ захм бардоштаанд.