Истиқболи гарми эрониҳо аз намоиши “Фирдавсӣ” ва “Лаъли Бадахшон”
(last modified Fri, 18 Feb 2022 17:07:37 GMT )
Феврал 18, 2022 22:07 Asia/Dushanbe

Ду намоишномаи фохир аз Тоҷикистон, яке бо номи “Фирдавсӣ” аз Театри Лоҳутӣ ва дигаре бо номи “Лаъли Бадахшон” аз Театри Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар чиҳилумин Ҷашнвораи байналмиллалии театри Фаҷри Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур ёфт.

Ба иттилои Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, чиҳилумин Ҷашнвораи байналмилалии Фаҷри Эрон аз 10 то 16 феврал дар Теҳрон баргузор шуд, ки тибқи барнома, намоишномаҳои “Фирдавсӣ” ва “Лаъли Бадахшон” –и Тоҷикистон рӯзҳои 12 ва 13 феврал дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта шуданд.

Мижгони Вакилӣ, мудири бахши байналмиллали Ҷашнвораи театри Фаҷри Эрон дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфт: Дар иҷрои банди шашуми баёнияи муштараки раисони ҷумҳурии муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тавсеаи фаъолиятҳои фарҳангии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон баъд аз солҳо, чиҳилумин ҷашнвораи байналмиллалии театри Фаҷр аз ду гуруҳи намоиши фохир таҳти унвони намоиши “Фирдавсӣ” ва намоиши “Лаъли Бадаъшон” даъват ба амал овард.

Мижгони Вакилӣ дар бораи ин осор гуфт: Намоиши “Фирдавсӣ” ба коргардонии Султон Усмонзода аз Театри давлатии Абулқосими Лоҳутии шаҳри Душанбе дар ҷашнвора ширкат дошт, ки ин намоиш барандаи ҷоизаи аввали ҷашнвораи “Парасту” дар соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва намоиши “Лаъли Бадахшон” ба коргардонии Умед Хусрав аз Театри давлатии Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат дошт, ки ин намоиш ҳам барандаи мақоми севвуми ҷашнвораи “Парасту” - и соли 2021 Тоҷикистон будааст.

Машҳад - пас аз намоиши "Фирдавсӣ"

 

Нишасти Теҳрон дар ду бахш баргузор шуд, ки  дар бахши аввал теъдоде аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла сафирони ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон ва шахсиятҳои фарҳангии ду кишвар суханронӣ карданд ва дар  қисмати дуввум меҳмонони ин нишаст дар хусуси муаррифии ҳунарҳои намоишии Тоҷикистон, бо таъкид бар ҳунари театр суханронӣ ва табодули назар карданд.

Ин нишаст 14 феврал дар толори “Ваҳдат” бо ҳамкории муштараки Бунёди фарҳангӣ - ҳунарии Рудакӣ, чиҳилумин Ҷашнвораи театри Фаҷр ва Идораи кулли ҳунарҳои намоишӣ баргузор шуд. 34 ҳунарманди тоҷик ба унвони меҳмони вижа, барои иҷрои намоиш ба Эрон сафар доштанд.  

Машҳад - пас аз намоиши "Фирдавсӣ"

 

Ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбеи 16 феврал ҳунармандони тоҷик дар толори Театри “Шаҳр”-и Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ намоиши “Фирдавсӣ” –ро ба иҷро гузоштанд, ки мавриди истиқболи тамошобинон қарор гирифт. Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик, ки дар намоиши “Фирдавсӣ” нақши шоир Унсуриро иҷро кард, баъд аз як давраи сукут дар муносиботи ду кишвар, таассуроти худ дар бораи сафар ба Эронро олӣ арзёбӣ кард ва ҳунарро бахши пайвандгар миёни миллатҳо номид.  

Оқои Султон Усмонзода, коргардони намоишномаи “Фирдавсӣ” низ аз истиқболи гарми мардуми Эрон аз намоишномаи “Фирдавсӣ” изҳори хурсандӣ кард ва ин асарро як дастовези муносибе дар сафар ба Эрон номид.  

Дар иҷрои намоиши “Фирдавсӣ” дар шаҳри Машҳад мушовири олии муовинати фарҳангӣ – иҷтимоии шаҳрдории Машҳад, мудири кул ва муовини ҳунарии Идораи кулли фарҳангу иршоди исломии Хуросони Разавӣ, намояндаи Вазорати умури хориҷа дар шимоли шарқи Эрон кишвар, устодони Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, нухбагону фарҳангиён ва ҳамчунин Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Машҳад - бо ҳунармандони Театри Лоҳутӣ

 

Карими Ҷашнӣ, раиси анҷумани ҳунарҳои намоишии Хуросони Разавӣ гуфт, ду гурӯҳи театрии 34 нафара аз Тоҷикистон, ки меҳмони вижаи чиҳилумин Ҷашнвораи театри Фаҷр дар Теҳрон буданд, дар сафаре дурӯза ба Машҳад ташриф оварданд ва сафари онон ба Машҳад баҳонае шуд то аз гуруҳи намоиши “Фирдавсӣ" хоста шавад, намоише дар Машҳад иҷро кунанд.

Намоиши “Фирдавсӣ” ба мавзӯи зиндагии ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мепардозад ва коргардони ин намоишнома Султон Усмонзода аст. Нависандаи ин асар Сотим Улуғзода мебошад.

Султон Усмонзода-коргардони намоиши "Фирдавсӣ"

 

Коргардони намоиши “Лаъли Бадахшон” Умед Хусрав ва нависандаи асар Ҷумъа Қуддус аст.

Қурбони Собир-дар нақши Фирдавсӣ

 

Ҳайати 34 нафари ҳунармандони тоҷик субҳи рӯзи панҷшанбе аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад, Эронро тарк карданд ва суи пойтахти Тоҷикистон парвоз карданд, аммо намоиши ҳунарии онҳо дар қалбҳои мухлисони фарҳангу ҳунари эронӣ нақш баставу дар зеҳнҳояшон маскан гузидааст.

 

Исфандиёр Халилӣ