Афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон
Нархи сухт ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди ду баробар афзоиш ёфт.
Мақомот мегуянд, ки афзоиши нарх вобаста ба густариши корона буда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик, Гулноза Ҳасанзода раиси Ожонси давлатии Омори Тоҷикистон гуфт: Дар соли 2021 нархи мева ва сабзиҷот 24 дарсад, гушт 15 дарсад, руғани моеъ 15 дарсад, орд 8 дарсад ва шакар 4 дарсад афзоиш ёфт.
Аммо Соҳибҷон Сайдов, мудири умури нархгузорӣ дар ин ниҳод муътақид аст яке аз далоили афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 афзоиши нархи сухт буда аст, ки ҳазинаи ҳамулу нақли колоро боло бурд.
Вай афзуд: Дар соли 2021 нархи ҳар литр бензин ба 11 сомону 20 дирам расид, ки дар соли 2020 ин шохис 6 сомону 80 дирам буд.
Вале Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисоддони тоиҷк мегӯяд дар Тоҷикистон роҳкорҳои коҳиши таварум ва захираи колоҳои асосӣ вуҷуд надорад.
Ӯ гуфт: Ҳамчунин барои коҳиши нархи маводи ғизоӣ бояд ба тавлидкунандагон сабукии молиёти ва арзонии хуроки чорво дар назар гирифта шавад.