Феврал 22, 2022 12:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони Парлумони Аврупо

Вазири хориҷаи умури Тоҷикистон бо гуруҳе аз намояндагони Маҷмаи қонунгузории Аврупо дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Дэвид Макаллистер, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Парлумони Аврупо ва ҳайати ҳамроҳи вай дар Душанбе роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар шуд.

Дар дидор сатҳи феълии равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ ва омӯзишии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Ҳамчунин тарафҳо дидгоҳи худро дар бораи авзоъи амниятии Афғонистон ва таъсири он бар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва зарурати кумак ба мардуми ин кишвар баён карданд.

Бар асоси таъкиди вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, фарҳангӣ ва беҳдоштӣ ва амниятӣ миёни Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

 

Барчасп