Устондори Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон сафар кард
Устондори Хуросони Разавӣ барои ширкат дар ифтитоҳияи шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кард.
Ба гузориши Идораи кулли равобити умумии устондории Хуросони Разавӣ, Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ ба манзури ширкат дар ифтитоҳияи шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, вориди Душанбе, пойтахти ин кишвар шуд.
Гуфтугӯ бо вазири саноат, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон, бахше аз барномаҳои устондори Хуросони Разавӣ дар ин сафар хоҳад буд.
Шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кохи Борбад, воқеъ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯйкарди ҳимоят ва пуштибонӣ ва аз байн бурдани мавонеи содирот, аз таърихи 7 то 10 исфандмоҳ (26 феврал то 1 март) бо бо мушорикати ҳудуди 55 ширкат дар заминаи фаъолияти фӯлод, симу кабели мухобиротӣ, лавозими хонагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, фаннии муҳандисӣ, саноати равшаноӣ, саноати ғизоӣ, петрошимӣ, мошин, ҳамлунақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, шшӯяндаҳо ва мошинолоту абзор ва бо ҳузури мақомоти расмии ду кишвар баргузор хоҳад шуд.