Феврал 27, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҳамкории манотиқи Тоҷикистон ва Русия

Дар ҳошияи ҳафтумин ҳамоиши байнипорлумонии Тоҷикистону Русия чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар ,дар ин ҳамоиш,ки бо ҳузури намояндагони маҷлисҳои ду кишвар баргузор шуд, мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Челябински Русия созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, илмӣ ва омӯзишӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ имзо карданд.
Алексей Тикслер-губернатори Челябински Русия дар ин маросим гуфт : Дар вилояти Суғд корхонаҳои коркарди пахта сохта хоҳад шуд, ки маҳсулоти ин марказҳо ба минтақаи Урали Русия содир мешавад.
Ӯ афзуд : Ҳамчунин аз манотиқи саноъатии Урали Русия ба Тоҷикистон дастгоҳ ва таҷҳизот ирсол мешавад.

Фарид Муҳаммадшин-раиси порлумони ҷумҳурии Тотористони Русия низ гуфт : Тоҷикистон хостори воридоти маҳсулоти саноати нафту химия ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳои боркаш аз ин минтақа аст.
Раиси порлумони ҷумҳурии Тотористони Русия изҳор кард: Тотористон низ хостори афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аст.

Сергей Ситников-губернатори Костромаи Русия ҳам бар зарурати афзоиши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи содироти чубу тахта,масолеҳи сохтмонӣ,доруҳои менералӣ  ва мошинолоти саноъатӣ таъкид кард.

 

Барчасп