Баргузории пешҳамоиши Ҳаким Низомӣ
Пешҳамоиши Ҳаким Низомӣ - шоири порсии қарни шашум баргузор мешавад.
Анҷумани осору мафохири фарҳангӣ бо ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешҳамоиши маҷозии «Ҳаким Низомӣ - шоири порсии қарни шашум» -ро рӯзи 9 исфанд (28 феврал) –и 1400 баргузор мекунад.
Дар ин ҳамоиши маҷозӣ, ки аз соати 14 то 16 баргузор хоҳад шуд, Ҳасани Балхорӣ, раиси Анҷумани осору мафохири фарҳангӣ, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, Сарвар Бахтӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Алимуҳаммади Хуросонӣ, пажӯҳишгари аршади Маркази мероси хаттии Академияи миллии улуми Тоҷикистон, Абдунабӣ Сатторзода, устоди Академияи миллии улуми Тоҷикистон, Абдулхолиқи Набавӣ, устоди Академияи миллии улуми Тоҷикистон, Муҳаммад Шарифмурод Исрофилниё, пажӯҳишгар ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ортиқ Қодир, ҳунарманду муҷрии тоҷик суханронӣ хоҳанд кард.
Анҷумани осору мафохири фарҳангӣ 21 ва 22 исфанд (12 ва 13 март) –и 1400 низ бо ҳузури беш аз чиҳил андешманди эрониву хориҷӣ Ҳамоиши миллии Ҳаким Низомӣ- шоири порсии қарни шашумро ба сурати ҳузурӣ ва бархат баргузор хоҳад кард.
Алоқамандон метавонанд ҷиҳати касби иттилооти бештар дар бораи фаъолиятҳои муҳтавоӣ ва илмии анҷуман, шомили осору гуфторҳои устодон, пажӯҳишгарон ва низомипажӯҳони дохиливу хориҷӣ, ба пойгоҳи иттилоърасонии ин маҷмӯаи фарҳангӣ ба нишонии www. anjom. Ir, пайванди «Ҳамоиши миллии Ҳаким Низомӣ» муроҷиа кунанд.