Март 02, 2022 22:16 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 192 миллион доллар барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022
    Ихтисоси 192 миллион доллар барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли ҷории 2022 барои бозпардохти қарзи хориҷии ин кишвар маблағи 192 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси таъкиди мақомоти ин Вазорат қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта  ба 3 миллиарду 200 миллион доллар расида аст.

Гуфта мешавад қарздиҳандагони асосӣ ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир Бонки Содирот ва воридоти Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Исломӣ мебошанд. Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом карданд, ки дар соли ҷорӣ қасд доранд барои дарёфти маблағи 702 миллион доллар қарз ва кӯмакҳои ройгони молӣ ба ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақавӣ муроҷиъа кунад.

Гуфта мешавад, бахши зиёди ин манобеъи молӣ барои иҷроӣ кардани тарҳҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.