Март 02, 2022 22:33 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили устуворномаи сафирони ҷадиди 12 кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон

Сафирони навтаъиншудаи 12 кишвари хориҷӣ дар маросиме, дар шаҳри Душанбе устуворномаи хешро ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, сафирони кишварҳои Ҷопон, Карея, Ҷумҳурии Арабии Миср, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уммон, Исроил, Подшоҳии Белгия, Австрия, Подшоҳии Нарвегия, Румонӣ ва Малта паёмҳои раисони ҷумҳур ва нахуствазирони кишварҳои хешро ба Эмомалӣ Раҳмон иблоғ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханоне ба баррасии вазъияти душвори кунунии ҷомеъаи ҷаҳонӣ пардохт ва таъкид кард, ки чунин фазои ҳасос ва ҳамбастагӣ ва ҳамкории муассири байналмиллаӣ ва фаврияти дарки мутақобил дар равобити байни кишварҳо ба унвони омили калидии суботи ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мувоҷеҳа бо таҳдидоти амниятӣ аҳамияти дучандоне меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид бар ин ки имрӯз вазифаҳои асосӣ дар тақвияти равобит ва ҳамкориҳои созанда байни Тоҷикистон ва ҷаҳон эътимоди мутақобил мебошад, хостори густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ин кишварҳо шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суханронии хеш бори дигар барои ҳамаи сафирон дар анҷоми вазоифи дипломатии онҳо орзуи муваффақият ва бар омодагии давлати Тоҷикистон барои кумак ба иртиқои фаъолиятҳои онҳо таъкид кард.

 

Барчасп