Март 03, 2022 16:52 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон ва Узбакистон барои роҳандозии қаторҳои гардишгарӣ

Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон талоши тозаеро барои роҳандозии қаторҳои гардишгарӣ миёни ду кишвар оғоз кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Убайдуллоҳ Обидов-мудири ширкати Роҳи оҳани вилояти Суғд гуфт : Бар асоси барномаи тавофуқшуда гузари қаторҳои гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз шаҳрҳои Андиҷон, Конибодом, Хуҷанд, Душанбе, Самарқанд, Бухоро ва Қаршӣ мадди назар аст.
Вай афзуд : Ду сол қабл тарҳи роҳандозии қаторҳои гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон матраҳ шуда буд, ки густариши Ковид 19 монеъи иҷрои ин барнома шуд .
Мудири ширкати Роҳи оҳани вилояти Суғд идома дод, дар ҳоли ҳозир ба далели шуюъи корона ду сол аст, ки ҳаракати ҳафтаии қаторҳо аз Хуҷанд, Душанбе ва Кулоб ба Маскав бекор шудааст .

 

Барчасп