Дидори Рустами Эмомалӣ бо Илҳом Алиев дар Бокӯ
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон басар мебарад, дар Боку бо раисиҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши сомонаи Авесто, дар дидори Рустами Эмомалӣ ва Илҳом Алиев дар бораи сатҳи феълии равобити Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва дурнамои муносиботи ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, порлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ баҳсу табодули назар шуд.
Тарафҳо дар ин дидор бар зарурати фаъолияти бештари Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ таъкид карданд.
Гуфта мешавад, ки барои сохти “Боғи Дӯстӣ”- и Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Душанбе 3 ҳазор ниҳол мутобиқ бо шароити иқлимии Озарбойҷон мунтақил шудааст.
Ҳамчунин дар дидори шаҳрдордорони Душанбе ва Бокӯ, созишномаи хоҳархондагии пойтахтҳои ду кишвар имзо шуд.
Рустами Эмомлаӣ ҳамчунин аз Ожонси давлатии навовариҳои илмӣ ва маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев дар Бокӯ боздид кард.
Бештар бихонед: