Март 06, 2022 18:56 Asia/Dushanbe
  • Саҳми бахши энергетика ва сӯхт дар будҷети Тоҷикистон
    Саҳми бахши энергетика ва сӯхт дар будҷети Тоҷикистон

Саҳми бахши энергетика ва сӯхт дар буҷети давлати Тоҷикистон 6 миллиарду 22 миллион сомонӣ дар назар гирифта шуд.

Дар будҷети соли 2022 давлати Тоҷикистон барои бахши энергетика ва сӯхт 6 миллиарду 22 миллион сомонӣ ихтисос дода шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, дар баёни  ин иқдом таъкид шуд бахши энергетикаи ва сӯхт дар авлавияти барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, ки дар рушди ин кишвар аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Ин дар ҳоле аст, ки барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2022 беш аз 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ дар будҷети соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ шуда аст.

Аммо барои бахшҳои саноат ва сохтмонсозӣ дар будҷети соли ҷории давлати Тоҷикистон 18 миллиону 70 ҳазор доллар ихтисос дода шуд.

 

Барчасп