Бориши нахустин барф дар Душанбе
Боду ҳавои сарди сибирӣ аз рузи 20уми ноябр тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт. Нахсутин барф низ 21-уми ноябр шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистонро сафедпуш кард ва вазиши тундбод ҳам аз бархе манотиқи ин кишвар гузориш шудааст.
Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи сард шудани ҳаво ва бориши борону барф ҳушдор дода буд.
Полиси роҳи Тоҷикистон низ аз ронандаҳо хоста буд, васоили нақлияи худро барои фасли сармо омода ва муҷаҳҳаз кунанд.
Ҷамила Байдуллоева- масъули маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ҳавои сарди сибирӣ то таърихи 25 ноябр дар ин кишвар пойдор хоҳад монд. Дар иттилоияи Ожонси обу ҳавошиносии Тоҷикистон омадааст, ки Аз 19 то 26-уми ноябри соли 2016 дар ин кишвар дамои ҳаво якбора паст шуда бориши барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боришоти зиёди барфу жола дар назар аст.
Эраҷ Қандов –яке аз масъулони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе низ дар гуфтугӯ бо садои Хуросон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ҳодисаи ғайри мутараққиба дар ҳудуди пойтахт сабт нашудааст. Ба гуфтаи вай дар ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе як гуруҳи вижа таъсис шуда, ки мураттаб авзои пойтахро зери назар дорад.
Гуфтанист Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ аз чанд рӯз пеш бо пахши Иттилоияе аз мардум хостаанд, ки дар ин рузҳо аз сафар ба манотиқи куҳистонӣ худдорӣ намоянд.