Март 07, 2022 13:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани рӯзи Модар

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани рӯзи Модарро табрик гуфт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме фаро расидани ҳаштуми март – рӯзи Модарро ба бонувони кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо орзӯи саломатӣ ва сарбаландӣ барои тамоми модарони тоҷик, аз насли ҷавони кишвар дархост кард, ки бо адои эҳтиром ба модарон, қадршиноси заҳамоти онон бошанд.

Вай бо ишора ба нақши модарон дар тарбияти фарзандони солиму шоиста, аз нақши ин қишри заҳматкаши ҷомеа дар таҳкими бунёни хонавода, рушду пешрафти кишвар ва тарбияти маънавии насли ҷавон қадрдонӣ кард.

Раҳмон таъкид кард, дар Тоҷикистон бонувон аз ҳуқуқи яксон бо мардон бархурдоранд ва давлат дар даврони истиқлол барои беҳбуди ҷойгоҳи занон талоши зиёде кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон нақши модарони тоҷикро дар дур нигаҳ доштани ҷавонон аз гароиш ба ифротигарӣ ва хурофоту бидъатҳои нораво ситоиш кард.

 

 

 

Барчасп