Дидори раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ
(last modified Thu, 10 Mar 2022 14:00:33 GMT )
Март 10, 2022 19:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ
    Дидори раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ

Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар мавриди густариш ва тақвияти бахши хусусӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бонки Ҷаҳонӣ ҳамвора вазъият ва амалкарди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро зери назар дошта аст. Ин ниҳоди байналмиллалӣ 4 феврали соли 2021 дар гузорише молиётро муҳимтарин мушкили бахши хусусӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

  • Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2020 Тоҷикистонро аз назари дарёфти молиёт дар ҷойгоҳи 139 ҷаҳон қарор дод. Ин ба он маъно аст ки Тоҷикистон дар қиёс бо аксари қариб ба иттифоқи кишварҳои ҷаҳон барои фаъолиятҳои иқтисодӣ молиёти зиёд дарёфт мекунанд.
  • Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси утоқи Бозаргони ва саноати Тоҷикистон ва Озон Сумилӣ, намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон роҳҳои ҳимоят аз бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ин кишварро барраси карданд.
  • Сумилӣ аз талоши утоқи бозаргони ва саноати Тоҷикистон барои ҳимоят аз бахши хусусӣ ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: Тавсеаи бахши хусусӣ дар ҳамаи кишварҳои пешрафта дар авлавият қарор дорад ва Душанбе низ барои ин ҳавза аҳамияти ҷиддӣ қоил аст.

Дар поён ҳар ду тараф ба ҳамкории бештар бо ҳадафи тавсеаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ибрози тамоюл карданд.