Март 13, 2022 11:16 Asia/Dushanbe
  • Поёни 7 соъат музокираи марзии мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти сиёсӣ ва марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар поёни 7 соъат музокира дар бораи баррасии низои ахири марзӣ ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Тоҷвек, ин ёддошти тафоҳумро Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шоршиев-фармондеҳони неруи марзбонии ду кишвар дар ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдулкарим Алимбоев, раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон имзо карданд.
Аммо тарафҳо то ба ҳол дар бораи муҳтавои ёддошти тафоҳум ибрози назар накардаанд .
Даврон Зоҳидзода-муовини раиси вилояти Суғд гуфт : Тарафҳо дар бораи таъмини амният дар манотиқи марзи муштарак, поксозии каналҳои обёрӣ аз сӯи кишоварзон ва шеваи истифода аз манобеъи об гуфтугӯ карданд, аммо дар ин замина ҳеҷ санади расмӣ имзо нашудааст .
Қаблан тарафҳо якдигарро ба тирандозӣ миёни марзбонони ду кишвар муттаҳам карда буданд, ки муҷиби кушта шудани як марзбони тоҷик ва захмӣ шудани ду нафари дигар шудааст .

 

Барчасп