Март 14, 2022 10:42 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Бонки Миллии Тоҷикистон дар бораи афзоиши арзиши доллар

Бонки Миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе далели афзоиши арзиши доллар дар баробари сомониро тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, дар ин баёния таъкид мешавад, далели умдаи афзоиши арзиши доллар дар баробари сомонӣ афзоиши тақозо, коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ва тавозуни манфии муомилоти тиҷорӣ ба нафъи воридот аст.

Бар ин асос, нархи як доллар дар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон 13 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар бозори ғайрирасмӣ болои 14 сомонӣ мубодила мешавад.

Пайрав Чаҳоршанбиев, коршиноси умури иқтисодӣ дар Тоҷикистон низ муътақид аст, Бонки Миллӣ тавони арзаи доллар ба бозор аз ҳисоби захоири тилло ва арзро барои баландмуддат надорад.

Ба гуфтаи ӯ, зеро ин захоир маҳдуд аст ва барои танзими бозор кифоят намекунад.

Бархе аз коршиносон ҳам мегӯянд, мудохилаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар бозори муомилоти арзӣ барои як давраи 3 то 4 моҳа имконпазир аст ва дар сурати идомаи буҳрони Украина бояд дар интизори коҳиши бештари арзиши сомонӣ дар баробари доллар буд.

 

Барчасп