Март 19, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз

Раисиҷумҳури Тоҷикистон фаро расидани Наврӯзро табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионӣ бо баршумурдани фазоили ҷашни Наврӯз барои мардуми Тоҷикистон, форсизабонони ҷаҳон ва кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз, валоматӣ ва сарбаландӣ орзӯ кард.

Вай бо ишора ба таърихи ҷашни Наврӯз ва оғози фасли баҳор, ин айёмро рамзи ваҳдат ва якпорчагӣ, дӯстӣ ва эҳтиром ба якдигар, гузашт аз гуноҳон ва тақсирот, эҳёи дубораи зиндагӣ, ҳифзи табиат ва мавсими кишту кори баҳорӣ унвон кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, кишвараш тайи ду соли ахир паёмадҳои бемории Ковид 19-ро пушти сар гузошт, ки мӯҷиби коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ, гаронии нархи колоҳои асосӣ ва маҳдудиятҳои сафарҳои дохилӣ ва хариҷӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём таъкид кард: “Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, пайвандгари замонҳо, нигаҳдорандаи суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.

Бовар дорам, ки мо бо заҳмати аҳлонаи мардуми заҳматқаринамон ба ҳадафҳои неки худ мерасем, Тоҷикистони маҳбубамонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем ва нуфузу обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият мебахшем.

Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми шарифи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад."

 

Барчасп