Дидори сафири Тоҷикистон дар Олмон бо намояндагони маҳфилҳои иқтисодии ин кишвар
Сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Берлин бо намояндагони маҳфилҳои иқтисодӣ ва бозаргонии ин кишвар дидор ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар дидори Имомуддин Саторов бо Овсеп Восканиян мудири дафтари намояндагии Олмон дар Осиёи Марказӣ, Катарина Виттке, намояндаи утоқи саноъат ва бозаргонии Олмон дар Осиёи Марказӣ ва Урс Ункауф, мудири идораи рушди иқтисод ва тиҷорати хориҷии Олмон дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар баҳсу табодули назар шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Берлин дар ин дидор дар бораи қонунҳои ҷазби сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди кишвараш ва осонсозие, ки ба фаъолон дар бахши хусусии хориҷӣ эъто мешавад иттилоъ дод.
Намояндагони маҳфилҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Олмон низ дар ин дидор таъкид карданд, ки утоқи саноъат ва бозаргонии Олмон шомили 79 ширкат мешавад, ки дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва хадамотӣ фаъолият мекунанд.
Бештар бихонед:
- Дидори вазири умури хориҷаи Олмон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон
- Кумаки 27 миллион евраии Олмон барои сохти нерӯгоҳи Себзор