Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Ҷопон
(last modified Wed, 30 Mar 2022 15:40:29 GMT )
Март 30, 2022 20:40 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Ҷопон

Дар дидори раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷопон дар Душанбе мушорикати ширкатҳои хадамоти ҷаҳонгардии тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ "Tourism Expo Japan" баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, тарафҳо дар ин дидор таъкид карданд, ки ин намоишгоҳи фурсати ғанимате барои муаррифии ҷозибаҳои гардишгарӣ ва ёдгориҳои таърихӣ ва бостонии Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар дидори Тоҷиддин Ҷӯразода ва Тошиҳиро Аики, роҷеъ ба ҳузури ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистони дар намоишгоҳи ёдшуда дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳукӯмати кишвараш барои рушди ин бахши таваҷҷӯҳи вижа дорад ва ба сармоягузорони хориҷӣ дар рушди зерсохтҳои гардишгарӣ имтиёзоти зиёде эъто мекунад.

Дар ин дидор, мавзӯи имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои хадамоти ҷаҳонгардии Тоҷикистону Ҷопон низ мавриди баррасӣ қарор гирфт.