Апрел 03, 2022 18:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбад
    Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбад

Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Олга Любимова, вазири фаҳранги Русия дидору гуфтугӯ кард.

  • Дар ин дидор тарафайн фурсатҳои ташикли теъдоде аз руйдодҳои муштараки фарҳангӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро баррасӣ ва дар ин росто алоқамандии худро барои баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар соли ҷории мелодӣ иброз доштанд.
  • Сафири Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи фарҳангӣ хотирнишон кард, ки табодули фарҳанг дар ҳавзаи театри ҳирфаи, мусиқӣ ва ҳунар ҳамчунон ру ба рушд хоҳад буд.

Вазири фарҳанги Русия ба навбати худ омодагии кишварашро барои тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи судманд барои истифода аз тарвиҷи мероси таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар иброз кард.

Дар ин мулоқот бар лузуми баргузории намоишгоҳҳои ҳунари муъосир, сафари ҳайатҳои  ҳунарӣ,  мусиқӣ ва намоишии ду тараф ба кишварҳои якдигар ва низ ширкат дар руйдодҳои мухталифи фарҳангии байналмиллалӣ таъкид шуд.

 

Барчасп