Апрел 06, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
  • 1 миллиарду 400 миллион арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи 3 моҳи имсол

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли имсол ба 1 миллиарду 400 миллион доллар расид.

Дар ин муддат арзиши воридоти Тоҷикистон 582 миллион доллар бештар аз содирот будааст.

Ба гузориши “Спутник”, тайи ин муддат ҳаҷми муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 70 миллиону 300 ҳазор доллар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 90 кишвар муомилоти тиҷорӣ доштааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз 55 кишвар фақат анвои маҳсул ворид карда ва ҳеҷ навъ колое ба содир накардааст.

Аз сӯи дигар, дар муомилоти хориҷии Тоҷикистон бо 7 кишвар, аз ҷумла Туркия ва Белгия мизони содирот дар муқоиса бо воридот бештар будааст.

Тоҷикистон ба ин кишварҳо алюминий, нахи пахта ва сангҳои ороишиву филизоти рангӣ содир мекунад.

 

Барчасп