Нишасти коршиносони узви ИДМ
Коршиносони кишварҳои узви ҷомеъаи ҳамсуд дар нишасти тавсеаи зерсохтҳои миллии ҳастаии кишварҳои увзи Иттиҳодияро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, нишасти гуруҳи коршиносони кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ дар шуъбаи кумитаи иҷроии ин Иттиҳодия ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.
Бар асоси гузориши кумитаи иҷроии ҳамсуд, коршиносон дар ин нишаст тавсеъаи зерсохтҳои ҳастаии миллии кишварҳои узв, вазифаҳои аслӣ ва заминаҳои таъомул дар ин заминаро баррасӣ карданд.
Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат карданд.
Дар ин ҷаласа пешнависҳои тарҳи тавсеаи зерсохтҳои ҳастаии миллии кишварҳои ҳамсуд барои иҷроӣ амни фановариҳои ҳастаии сулҳомез, ки тавассути комисионҳои кишварҳои узв дар мавриди истифодаи сулҳомези энержии ҳастаӣ таҳия шуда аст, баррасӣ шуд.
Ширкаткунандагони ин нишаст пешнависи тарҳеро ҳамоҳанг ва тасвиб ва дар мавриди сохти барнома табодули назар ва фаъолиятҳои мушаххаси онро ба тафсил баррасӣ карданд.
Нишасти баъдии гуруҳи коршиносон дар ин замина қарор аст 26 апрели имсол дар шаҳри Маскав ба сурати видеоконфронси баргузор шавад.