Апрел 10, 2022 11:19 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба Тоҷикистон таҷҳизоти вижаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи радиоактиви таҳвил дод
    Амрико ба Тоҷикистон таҷҳизоти вижаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи радиоактиви таҳвил дод

Амрико ба нерӯҳои марзбонии кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи радиоактив таҷҳизоти вижа эҳдо кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, маросими расмии таҷҳизоти мазкур ба хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон дар чорчӯби иҷрои барномае иқдоми миллии Тоҷикистон дар мавриди қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бо ширкати Кевин Рушдия  намояндаи идораи кашф ва боздорандагии қочоқи маводи ҳастаии Вазорати энергии Амрико ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Илҳом Мирсаидзода мудири Ожонси амнияти шимиёӣ, биоложики ва  партуафканӣ  ва ҳастаӣ ба унвони ҳамоҳанг кунандаи милли баргузор шуд.

  • Дар чорчӯби ин кумаки фаннӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон абзорҳои дидбонӣ, бозрасӣ ва тактики барои тақвияти амният дар марз бо Афғонистон ироа шуд.

Ин тарҳ шомили интиқоли юниформҳои вижа, таҷҳизот барои анҷоми амалиёт дар манотиқи кӯҳистонӣ, либосҳои муҳофтизатии вижа барои минзудоӣ, дастгоҳҳои дид дар шаб, дурбинҳои дучашми, так чашми, истгоҳҳои радёби, васоили нақлияи мутурӣ, машруткаҳое, ки дар он таҷҳизоти вижа барои пушибонӣ аз амалиёти зидди қочоқ ва ҳамчунин барои кашф ва таваққуфи қочоқи маводи ҳастаӣ ва радиоактиви насб шудааст, мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп