Тоҷикистон дар пайи воридоти 435 ҳазор тонна гази моеъ
(last modified Sun, 10 Apr 2022 13:01:14 GMT )
Апрел 10, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар пайи воридоти 435 ҳазор тонна гази моеъ
    Тоҷикистон дар пайи воридоти 435 ҳазор тонна гази моеъ

Мақомоти Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон эълом карданд қасд доранд имсол 435 ҳазор тонна гази моеъ харидорӣ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Тоҷикистон дар назар дорад имсол 435 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи беш аз 183 ҳазор доллар аз дигар кишварҳо харидорӣ кунад.

  • Пеш аз ин Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва манобеъи обии Тоҷикистон эълом карда буд, ки Тоҷикистон қасд дорад феҳрести воридкунандагони гази моеъро густариш диҳад.
  • Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир Русия ва Қазоқистон таъминкунандагони аслии сухти Тоҷикистон ҳастанд.
  • Вазири Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди афзоиши ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Туркманистон хабар дод ва хотирнишон кард: Ду кишвар қарордод бастанд, ки бар асоси он Тоҷикистон метавонад ба мизони номаҳдуд сухт дарёфт кунад.

Соли гузашта Тоҷикистон 410 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда буд.