Ҳамкорӣ бо Утоқи бозаргонии Албурз: Идомаи густариши равобити Тоҷикистон бо Эрон
(last modified Tue, 12 Apr 2022 11:31:14 GMT )
Апрел 12, 2022 16:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкорӣ бо Утоқи бозаргонии Албурз: Идомаи густариши равобити Тоҷикистон бо Эрон

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, заминаи ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон барқарор аст ва тавсеаи равобити дуҷонибаву басти таомулоти тиҷорӣ мадди назар аст.

Ба гузориши равобити умумии Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Албурз, Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи сешанбе бо ҳузур дар Утоқи бозаргонии Албурз ва боздид аз намоишгоҳи доимии тавонмандиҳои тавлидиву саноатии ин устон изҳор дошт: Ин дидору мулоқоти анҷомшуда нақши муҳиме дар тавсеаи равобити дуҷониба ва басти таомулоти тиҷорӣ миёни Албурз ва Тоҷикистон дорад.

Вай бо ишора ба ин ки вуҷуди як намоишгоҳи доимӣ дар Утоқи бозаргонии Албурз як нуқтаи қуввати қобили тавваҷуҳ аст, гуфт: То кунун аз утоқҳои бозаргонии зиёде дар Эрон боздид ба амал овардаам, аммо ин намоишгоҳ вижагии хоси худро дорост.

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо баёни ин ки намоишгоҳи Утоқи бозаргонии Албурз иқдоме муҳим дар ростои муаррифии маҳсулоти тавлидии Албурз аст, афзуд: Дар Албурз ширкатҳои мухталифе, аз ҷумла дар шаҳракҳои саноатӣ мустақар аст, ки боздиди теъдоди андаке аз ин воҳидҳои тавлидиву саноатӣ ҳаддиақал ба як шабонарӯз замон ниёз дорад, аммо дар намоишгоҳи Утоқи бозаргонии Албурз бахшҳои мухталифе аз зарфиятҳои ин устон намоиш дода шудааст.

Ӯ дар хусуси зарфиятҳои мавҷуд дар кишвари Тоҷикистон барои содирот ба Эрон гуфт: Дар Тоҷикистон солҳои 2022 - 2026 "Солҳои рушди саноат" эълом шуда ва тавсеаи саноат мадди назар аст ва аз ҳоло дар ин самт ҳадафгузорӣ кардаем.

Маъруфҷон Абдураҳмонов бо ишора ба зарфиятҳои хуби содироти алюминий, пахта, ангишт, мева, хушкбор, асал, гиёҳони доруӣ ва ҳамчунин тавлиди нерӯи барқ гуфт: Дар канори он Тоҷикистон аз тавлидкунандагони семент аст ва тавлидоти хубе барои содирот дар ин замина дорад ва бо тавваҷуҳ ба ин зарфиятҳо заминаи ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон барқарор аст.

Ӯ бо даъват аз тоҷирону сармоягузорони эронӣ барои кумак ба тавсеаи саноат дар Тоҷикистон ва ошноӣ бо зарфиятҳои ин кишвар баён кард: Давлати Тоҷикистон низ омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бо фаъолони иқтисодии кишвари дӯсту ҳамзабони Эрон ба манзури сармоягузорӣ дар он ҷо аст.