Апрел 13, 2022 13:40 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Чин бар ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқ ва ифротгароӣ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафири нави Чин дар Душанбе дар дидоре дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Чин, барои вай дар фаъолиятҳои дипломатияш орзуи муваффақият кард.

Сипас тарафайн тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва қочоқи инсонро баррасӣ карданд.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди табодули иттилооти амалиётӣ ва соири мавзуоти мавриди алоқаи ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп