Дидори раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ҳамтои русаш ва матраҳ кардани ҳодисаи Тюмен
(last modified 2016-11-24T14:03:44+00:00 )
Ноябр 24, 2016 19:03 Asia/Dushanbe

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо ҳамтои руси худ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳодисаи ахири фавти ҳафт муҳоҷири тоҷикро дар Русия матраҳ кард.

Шукурҷон Зуҳуров дар ин мулоқот аз раиси Думаи давлатии Русия таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодисаи мазкур, пайдо кардани омилони он ва ба ҷавогарӣ кашидани онҳоро тақозо кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостааст, ба хотири фароҳам овардани шароити матлуби корӣ аз сӯйи корфармоён ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораандешӣ шавад.

Ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе гузориш медиҳад.