Апрел 15, 2022 21:06 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Бонки Рушди Исломӣ барои ҳимоят аз бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон

Бонки Рушди Исломӣ дар бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Муҳаммад Сулаймони Алҷосир, раиси гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ ба сурати видеоконфронс гуфтугӯ кард.

Дар ин гуфтугӯ роҳҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ, вазъияти иҷрои тарҳҳо дар Тоҷикистон, ҷазби маблағи имтиёзии иборат аз омилҳои хориҷӣ, тарҳҳои авлавиятдори нав, афзоиши сармояи кулли Бонки Рушди Исломӣ ва чашмандози ҳамкории миёнамуддат баҳсу баррасӣ шуд.

Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон шохисҳои аслии иқтисоди калони кишвар ва барномаи иқдом барои ҷилавгирӣ аз таъсири хатароти эҳтимолӣ бар иқтисоди миллиро, ки бо мусаввабаи давлати Тоҷикистон тасвиб шудааст, ба раиси гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ ироа кард.

Завқӣ Завқизода аз раиси гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ хост, дар бахшҳои авлавиятдори иқтисоди миллии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад то аз таъсири хатароти эҳтимолӣ бар бахшҳои иҷтимоӣ - иқтисодии Тоҷикистон, ба далели эъмоли таҳримҳои Ғарб бар бархе шарикони тиҷорӣ ва ҳамчунин дастёбӣ ба аҳдофи роҳбурдӣ, аз ҷумла иқтисоди сабз, шомили сохти нерӯгоҳи Роғун, кишоварзӣ, обёрӣ ва беҳсозии заминҳо, саноат, ҳамлунақл, омӯзиш ва тандурустӣ ҷилавгирӣ шавад.

Муҳаммад Сулаймон Алҷосир, раиси гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ низ омодагии ин ниҳоди молӣ барои ҳимояту таъмини молии бахшҳои авлавиятдори иқтисоди Тоҷикистонро эълом кард.

То кунун Бонки Рушди Исломӣ дар 86 тарҳ ба арзиши 641 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.