Эмомалӣ Раҳмон: Барои ҳалли масоили марзӣ бо Қирғизистон ҳеҷ роҳе ҷуз музокира нест
(last modified 2022-04-18T15:21:57+00:00 )
Апрел 18, 2022 20:21 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Барои ҳалли масоили марзӣ бо Қирғизистон ҳеҷ роҳе ҷуз музокира нест
    Эмомалӣ Раҳмон: Барои ҳалли масоили марзӣ бо Қирғизистон ҳеҷ роҳе ҷуз музокира нест

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бар адами вуҷуди роҳи ҳалли дигар барои масоили марзии ин кишвар бо Қирғизистон ба ҷуз музокира бо дар назар гирифтани манофеъи миллии ҳар ду тараф таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчуби боздиди 4 рӯзаи худ аз вилояти Суғди Тоҷикистон бо раисон ва фаъолони шаҳри Исфара-ҳаммарз бо Қирғизистон мулоқот кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни ин ки шаҳри Исфара бо Қирғизистон марзи тулонӣ ва саҳми муҳим дар тақвияти равобити дустона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни мардуми ду кишвар дорад аз сокинони он хост бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамҷаворӣ зиндагӣ ва кор кунанд. Бо онҳо ҳамкорӣ ва равобити дустона барқарор кунанд, бурдбор бошанд ва таслими эҳсосот нашаванд зеро тибқи ҳикмати мардуми хирадманди тоҷик ҳамсояро интихоб намекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ҳомии қотеъи музокирот барои ёфтани роҳи ҳалли мутақобили судманди мушкилоти мавҷуд бо дар назар гирфтани манофеъи миллии ҳар ду тараф аст ва муҷададан таъкид кард, ки масоили марз байни кишварҳо танҳо аз тариқи музокирот қобили ҳал аст ва роҳи дигар вуҷуд надорад.

Раиси ҷумҳурӣ ҳамчунин хотирнишон кард: Набояд фаромуш кард, ки мо тоҷикҳо ба унвони яке аз қадимитарин милатҳои ҷаҳон дар тули таърихи тулонии худ ҳамаи мушкилот ва масоилро ба таври мантиқӣ ва бо хештандорӣ ва сабр ҳал кардем.

Вай таъкид кард, ки ҳали масоили марзӣ ва сарзаминӣ, ҳамоҳангии марзҳои давлатӣ ва таъини марзҳои он фароянди бисёр печида аст ва ниёзманди сарфи замон ва талоши фаровони мутахассисон аст.

Тоҷикистон аз соли 2002 дар чорчуби комисиони байнидавлатии таъин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ бо Қирғизистон музокира мекунад ва то ба имрӯз байни ҳайатҳои комисиони мазкур ва гуруҳҳои корӣ беш аз 170 мулоқот ва музокирот баргузор шуда аст.

Дар натиҷаи фаъолияти 20 солаи комисион дар маврдиди 663.7 километр аз марзи 987 километрии байни ду кишвар яъне 68.4 дарсад хати марзӣ тавофуқ ҳосил шуда аст.

12 апрел дар натиҷари даргирии мусалаҳона байни марзбонони ду кишвар як марзбони 27 солаи тоҷик ба номи Зоҳир Сайдмуродов кушта шуд. Тирандозӣ пас аз нишасти намояндагони  манотиқи марзии ду кишвар мутавақиф шуд.

13 апрел нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маҳали Овчиқалъа-Кулундук барпо шуд, ки бо тавофуқ бар сари бозгашти нерӯҳо ба маконҳои қадимӣ, равшан кардани иллати ҳодиса ва дигар тавофуқот дар заминаҳои амниятӣ ва кишоварзӣ ба поён расид.