Узвияти Тоҷикистон дар маркази таҳқиқоти байналмиллалӣ барои ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ
Тоҷикистон дар маркази байналмиллалӣ барои ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ узв шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ба гуфтаи Фаридун Кенҷаев, намояндаи масъули музеи миллии Тоҷикистон узвияти ин кишвар дар маркази таҳқиқоти байналмиллалии ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ ба мутахассисони ҷавон дар заминаи мутолеъоти музе аз ҷумла марматгарон, бостоншиносоон ва тарроҳон иҷоза медиҳад зимни ширкат дар давраҳои кутоҳмуддат таҷруба афзоӣ куннад.
Ӯ афзуд: Ин марказ дар соли 1956 ба пешниҳоди канфронси умумии Юнеско дар Деҳли таъсис ва се сол баъд дафтари марказӣ ба Италия мунтақил шуд.
Маркази таҳқиқоти байналмиллалӣ барои ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ бузургтани китобхонаи электроникиро дар заминаи музешиносӣ дорад.
137 кишвари узви маркази таҳқиқоти байналмиллалии ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ ҳастанд.