Ноябр 26, 2016 10:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури хориҷии Қазоқистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бо вазири умури хориҷии Қазоқистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Ерлан Идрисов, ки барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории дуҷонибаи Душанбеву Остона ва авзои Афғонистону минтақа баҳсу табодули назар кардаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор бо муҳим хондани муносиботи кишвараш бо Қазоқистон густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои иқтисодию тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва омӯзишро хостор шуд. Ду тараф ҳамчунин ба зарурати ҳамоҳангии бештар миёни Душанбе ва Остона барои истиқрори оромиш дар Афғонистон таъкид карданд.

Дар ин дидор Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон пешниҳод кард, ки барои беҳбуд бахшидани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон ва кӯмак ба рушди иқтисоди ин кишвар Тоҷикистон ва Қазоқистон тарҳҳои муштаракеро дар заминаи густариши шабакаи ҳамлу нақл, эҷоди зерсохторҳои энержӣ ва омӯзиши кадрҳои мавриди ниёзи Афғонистон ироа кунанд.

Қазоқистон афзун бар содирот гандум, газ, маҳсулоти нафтӣ ва таҷҳизоти ҷангӣ ба Тоҷикистон дар 10 соли ахир беш аз 30 миллион доллар ба ин кишвар кӯмаки башардӯстона расонидааст. Қазоқистону Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд.

 

Барчасп